Омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон чист?

Омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон – яке аз воситаҳои самараноки ба даст овардани маълумоти миқдорӣ ва сифатӣ мебошад, ки барои таҳлилу арзёбии сифат ва аҳамияти таҳсилоти олӣ аз нигоҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
Моҳиятан омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон пурсиши меъёришудаи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки дар давраи муайяни вақт пас аз хатми муассисаи таълимї гузаронида мешавад. Муҳтаво ва мақсадҳои пурсиши хатмкунандагон метавонад ба дараҷаи кофӣ васеъ бошад, вале мавзуъҳои муқаррарии пурсиш саволҳоеро дар бар мегиранд, ки ба сифати раванди таълим, роҳу восита ва давраи ҷустуҷӯи кор аз ҷониби хатмкунандагон, рушди касбӣ, истифодаи донишҳои гирифта, намуди ҷории фаъолият ва ҳамкорӣ бо муассисаи таълимиро дар бар мегиранд.
Ба таври таҷрибавӣ (пилотӣ) анҷом додани омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон ҳамчун восита дар чаҳорҷӯбаи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” сурат мегирад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ ва аз љониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирї карда мешавад. Таҳқиқоти мазкур имконият медињад, ки ба натиљањои татбиќи Стратегияи рушди миллӣ то 2030 оид ба таъмини шуғли самаранок ва баланд бардоштани қобилияти меҳнатии аҳолии босуръатафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бањои воќеї дода шавад.



Фарогирӣ ва рушди “Омӯзиши бо кор таъминшавии хатмкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2019-2021

Дар бораи мо

Шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар асоси Фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (№3752 аз 31,08.2018) таъсис ёфтааст.

Мақсади асосии Шӯъба – идроракунии раванди омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагони мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад..
Натиҷаи асосии фаъолияти Шӯъба омода кардани ҳисоботи солона дар бораи натиҷаҳои пурсиши гузаронидашуда, таҳлили равияҳо ва хусусияти воридшавии хатмкунандагони МТОК ҶТ ба бозори меҳнат, ҳамчунин таҳия намудани тавсияҳои мушаххас ҷиҳати таҷдиди нақшаҳои таълимї ба шумор меравад.

муроҷиат ба хатмкунандагон

Муҳтарам хатмкунандаи соли таҳсили 2016-2017!
Шуморо барои иштирок дар пурсиши миллии таҷрибавии (пилотии) хатмкунандагони муассисањои тањсилоти олї оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамоем.
ВАз байни якчанд ҳазор нафар хатмкунандагон Шумо аввалин нафароне њастед, ки дар ин пурсиши таҷрибавӣ иштирок мекунед ва мо умедворем дар он фаъолона ширкат меварзед.
Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкакунадагони муассисањои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.
Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, њамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.
Ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.

Бо эҳтиром,
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Нуктаҳои муҳими ташкилӣ
Вақти зарурӣ барои пур кардани пурсишнома Вобаста ба мазмуни ҷавобҳо ва таҷрибаи гирифтаи Шумо, ҳамчунин омодагӣ ба пешниҳод намудани ҷавобҳо ба «саволҳои кушода», барои пур кардани тамоми пурсишнома Шумо бояд на бештар аз 30 дақиқа сарф кунед.

Пурсишнома дар шакли қулай омода карда шудааст. Аксари саволҳо тарзе тартиб дода шудаанд, ки шумо метавонед ба ҳар савол ба таври хеле осон ҷавоб диҳед. Саволњо барои ҳамаи ихтисосҳои мухталиф қобили истифода мебошанд ва имконияти муќоисаи љавобњои онњо дар сатњи донишгоњњо низ вуљуд дорад.

Шакли савол:
➤ Агар Шумо пурсишномаро дар шакли онлайн пур кардани бошед, тавассути мушвораи компютер ҷавоби мувофиқро аз рӯйхати вариантҳо интихоб намоед;
➤ Агар пурсишномаро дар қоғаз пур карданӣ бошед, пас ҷавоби мувофиқро бо ишора кардан (масалан гузоштани аломати [x]) интихоб намоед;
➤ Барои посух ба саволҳои кушод лутфан мулоҳизаҳои худро баён кунед ва фикри худро дар ҳудуди ҷойҳои барои ҷавоб пешбинишуда ҷой диҳед.
➤ Саволҳое, ки баҳодиҳии Шуморо аз рӯи ҷадвали муайян талаб мекунанд, бо истифода аз дараҷаи маъруфи аз 1 то 5 танзим карда шудаанд. Лутфан танҳо як ҷавоби мувофиқро барои љавоб додан ба чунин саволҳо ишора намоед.

Махфият:
Ҳама посухҳо ба саволҳои таҳқиқотӣ ба таври махфӣ нигоҳ дошта мешаванд!

Cохтори пурсишнома: Ҳама саволҳои пурсиш дар 9 модул ба таври зерин оварда шудаанд:
1. Ҳадафи Шумо аз дарёфти таҳсилот;
2. Қаноатмандии Шумо аз таҳсилоти дарёфткарда;
3. Таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаи корӣ дар давоми таҳсилот;
4. Сохтори барномаи таълимӣ ва самаранокии он;
5. Вазъияти шуғли ҳозираи шумо;
6. Ҷанбаҳои воридшавӣ ба бозори меҳнат;
7. Мувофиқати таҳсилот ба талаботи корфармо;
8. Маълумоти умумии демографӣ;
9. Тавсия ва пешниҳодҳои шумо;

Шарикон

Хабар

Саволнома

Центр изучение трудоустройства выпускников высших учебных заведений. Центр изучение трудоустройства/ Центр изучение трудоустройства.

Подробное

Шарикон

Центр изучение трудоустройства выпускников высших учебных заведений. Центр изучение трудоустройства/ Центр изучение трудоустройства.

Подробное

Инфографика

Центр изучение трудоустройства выпускников высших учебных заведений. Центр изучение трудоустройства/ Центр изучение трудоустройства.

Подробное

Натиҷаҳо

Результаты пилотирование изучения трудоустройство выпускников высших учебных заведений будут размещены в сентябре 2019 года.

Тамос

734024 Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,
кучаи Садриддин Айни 126
E-mail: gtscenter@inbox.ru
Telephone: (992 37) 2216667
Fax: (992 37) 2216667

Тамос бо мо